Сентябр 16, 2018 11:28 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашнвораи байналмилалии филми

Севумин ҷашнвораи байналмилалии филмҳои кӯтоҳ бо унвони "Навсоз 2018" дар рӯзҳоии 16 то 19 сентябр соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ба гузориши сомонаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Муҳибназари Холназар мудири иҷроии ин ҷашнвора гуфт, намояндагоне аз кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Афғонистон, Амрико, Русия, Узбакистон ва Беларус дар ин ҷашнвора ширкат мекунанд.

Ҳадаф аз баргузории ин ҷашнвора, таваҷҷуҳи бештар ба филмҳои ватанӣ, ҷазби филмсозони ҷавон ва кашфи истеъдодҳо дар ин ҳавза эълом шудааст.

Гуфта мешавад, пешниҳоди баргузории ин ҷашнвораро Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст.

Солм ҷорӣ барои ширкат дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои кӯтоҳи "Навсоз" наздик ба 80 филм ирсол шуда буд, ки аз ин теъдод, 20 филми ҳунарӣ ва мустанад дар бахшҳои рақобатӣ ва ғайрирақобатӣ ширкат мекунанд.

Ҷашнвораи "Навсоз 2018" аз се бахши байналмилалӣ ва як бахши миллӣ ташкил шудааст.