Размоиши зиддитеррористии неруҳои заминии Русия дар Тоҷикистон
Тамринҳои зиддитеррористии нируҳои заминии пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс ин размоиш дар майдони низомии Лоҳур ва бо ширкати 500 афсар ва сарбози рус ва беш аз 40 навъ таҷҳизоти низомӣ сурат гирифт.
Дар ин размоиш неруҳои пойгоҳи низомии Русия бархурди мусаллаҳона бо як гурӯҳе аз шибҳинизомиёни террористро таҷриба карданд.
Сарбозони рус бо таваҷҷуҳ ба иттилооти дарёфтӣ дар бораи ҳаракати гурӯҳе қобили таваҷҷуҳ аз террористҳо, барои аз байн бурдани онҳо дар макони муайяне мустақар ва баъд аз шиносоии душман ба онҳо ҳамла карданд.
Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон, яке аз бузургтарин пойгоҳҳои низомии Русия дар хориҷ ба шумор рафта ва дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар Тоҷикистон қарор дорад.
Тоҷикистон ва Русия дар соли 2012 тавофуқномае дар хусуси тамдиди ҳузури ин пойгоҳи низомӣ то солӣ 2042 ба имзо расонданд.