Сентябр 17, 2018 10:06 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз Тоҷикистон

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар нахустин рӯзи оғози 39-умин нишасти хеш, Тоҷикистонро ба далели муроот накардани ҳуқуқи шаҳрвандон ва таъқиби афроди дигарандеш, мавриди интиқод қарор дод.

Ба гузориши радиои Созмони Милали Муттаҳид, Мишел Бачлет, Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ дар ин нишаст гуфтааст, ки Шӯрои ҳуқуқи башар ин созмон, ҳамчунон аз идомаи саркӯб, фишор, таъқиб, боздоштҳои худсарона ва рафтори хушунатбор бо мухолифони сиёсӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бавижа Тоҷикистон нигарон мебошад.

Чанде қабл Шӯрои ҳуқуқи башари СММ бо баррасии парвандаи Муҳаммадалӣ Ҳаит, муовини ба зиндони абад маҳкумшудаи раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, хостори озодии вай шуда буд. Дар ин гузориш таъкид шуда буд, ки боздошт, шиканҷа, муҳокима ва маҳкумияти Муҳаммадалӣ Ҳаит бо нақзи ҳуқуқи вай, анҷом шуда ва ҳукумати Тоҷикистон бояд тайи шаш моҳи оянда вайро аз зиндон озод кунад. Аммо мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон мӯътақиданд, ки қазияи боздошт ва ба зиндон маҳкум шудани 13 узви шӯрои сиёсии ҳизби дар дар Тоҷикисто мамнӯи наҳзати исломӣ ва Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи онон ба далели иртикоби ҷиноёт буда ва ангезаи сиёсӣ надорад.

Аз сӯи дигар хонум Виктория Надеждина, раиси созмони ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро назорат мекунад, мегӯяд, ки мавзӯи риояти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон нисбат ба солҳои қабл бадтар шудааст. Вай муддаӣ аст, ки ба ин мавзӯъ дар нишастҳои солонаи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо низ ишора мешавад, ки аз соли 2017 бе эҳтиромӣ ба ҳуқуқи шаҳрвандон, фишорҳо ба зиндониёни сиёсӣ, вакилони мудофеъ ва занон ва кудакон афзоиш ёфтааст. Ҳатто бархе аз қавонини ҳуқуқӣ, ки ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд ислоҳ кардааст, натанҳо мӯҷиби беҳбуди авзоъ нашуд, балки заминаи бадтар гардидани ҳуқуқи башарро фароҳам кард.

Виктория Надеждина мӯътақид аст, ки ислоҳи қавонини интихоботи парлумонӣ ва раёсатҷумҳурӣ, қонун дар бораи вакилони мудофе, муқаррароти баргузории тазоҳурот ва монанди он ки дар соли 2016 анҷом гирифт, муғойир бо Қонуни асосии Тоҷикистон мебошад.