Сентябр 17, 2018 17:08 Asia/Dushanbe
  • Дастури Рустами Эмомалӣ барои болобарии нархи об дар Душанбе

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе қарор кардааст, ки нархи об дар пойтахт барои аҳолӣ ва ташкилоти ғайрибуҷетӣ аз 15 октябри соли 2018 боло бардошта шаванд.

Ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, нархномаҳои нав барои ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз 1 январи соли 2019 роҳандозӣ мешаванд.

Ба зудӣ нархномаҳои навро пешниҳод хоҳанд кард ва он дар ин саҳифа нашр хоҳад шуд.

Рустами Эмомалӣ ҳадафи бозбинии нархи обу корез дар пойтахтро  баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, азнавсозии шабакаҳои муҳандисӣ, таъмини шаффофият ва танзими муносибатҳо дар пардохти ҳаққи хизматрасонӣ, беҳтаргардонии фаъолияти молиявию иқтисодӣ ва ба пуррагӣ пӯшонидани хароҷот ва таъмини рушди Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" гуфтааст.

Шаҳрдори Душанбе масъулинро барои шарҳи нархномаи нав ба мардум муваззаф карда, таъкид намудааст, ҳисобкунакҳои обӣ то охири соли 2018 ба 55 фоиз, то аввали моҳи майи соли 2019 то 70 фоиз ва то моҳи ноябри соли 2019 ба беш аз 85 фоизи муштариён таъмин карда шавад.

"Ҳисоббаробаркунӣ бо аҳолиро аз рӯи нишондоди ҳисобкунакҳои обӣ, ки сарфи воқеии оби истеъмолшуда ва қабули рафъи партовоб аз тарафи муштариёнро  нишон медиҳад, ба роҳ монад", — таъкид намудааст Рустами Эмомалӣ.

Шаҳрдор дастур додааст, ки "Обу корези Душанбе" минбаъд то ҳадди имкон аз дарёфти маблағгузориҳои қарзӣ бо асъори хориҷиву фоиздор худдорӣ намуда, фаъолияти хоҷагидории корхонаро аз ҳисоби даромади худии корхона ба таври сарфакорона таъмин намояд.