Сентябр 18, 2018 09:28 Asia/Dushanbe
  • 24 сол зиндон – ҳукми раиси ширкати сӯхтрасони

Додгоҳи Олии Тоҷикистон раиси ширкати сӯхтрасони “Умед-88”-ро ба 24 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сомонаи “ТопTJ”, ин додгоҳ Раҷабалӣ Одинаевро ба иттиҳоми сирқати амволи давлатӣ, бознагардондани воми дарёфтӣ ва фасоди молӣ ба 24 соли зиндони дорои низоми сахт маҳкум кард. Бар асоси ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон, Идибек Иброҳимов, муовини раиси ширкати сӯхтрасони “Умед-88” низ бо иттиҳомоти мушобеҳ ба 22 соли зиндон маҳкум шуд.

Кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон раиси ширкати таъмини сӯхти “Умед-88”-ро ҳамроҳи муовин ва чаҳор мақоми масъули ин ширкат дар соли 2017 боздошт ва ба онон иттиҳоми бознагардондани қарзи дарёфтӣ аз чанд бонк ва ниҳоди молӣ, аз ҷумла ҷамъияти саҳомии хоси нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ворид карда буданд. Ин афрод пас аз интиқоди шадиди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз бозпардохт нашудани қарзи ширкати “Умед-88” ба ширкати саҳомии хоси нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” боздошт шуданд. Маблағи воме, ки масъулони ин ширкат дарёфт кардаанд, 172 миллион сомонӣ эълом шудааст.

Нуқтаи қобили мулоҳиза дар ин моҷаро наҳваи қарз гирифтани масъулони ширкати “Умед-88” аст, зеро дарёфти маблағи 171 миллион сомонӣ қарз бидуни пешниҳоди ҳукумат ва тасвиби Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имконпазир нест. Абдусалом Қурбониён, вазири молияи собиқи Тоҷикистон, ки бо ин моҷаро иртибот дошт, авоили имсол аз ин симмат барканор ва Файзиддин Қаҳҳорзода ба ҷой ӯ мансуб шуд.