Ҳайъати расмии Тоҷикистон анҷумани Варшаваро тарк кард
(last modified 2018-09-18T10:20:47+00:00 )
Сентябр 18, 2018 15:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳайъати расмии Тоҷикистон анҷумани Варшаваро тарк кард

Ҳайъати расмии ҳукумат анҷумани САҲА-ро тарк кард. Ширкати ин ҳайъат дар анҷумани Варшава бо нахустин суҳбатҳои рӯбарӯи намояндагони ҳукумат бо роҳбарони мухолифон, як муноқиша бо фаъолони оппозитсия ва чанд паёми муҳимаз ҷониби намояндагони Душанбе, аз ҷумла хабари ба зудӣ озод шудани 183 маҳбуси парвандаҳояшон сиёсӣ ва пешниҳоди музокирот бо оппозитсия дар ёд мемонад.

Ба нақл аз Ахбор, аъзои ҳайъати расмии ҳукумати Тоҷикистон алакай тарки Варшава кардаанд ва рӯзи 17 сентябр дар анҷумани САҲА, ки то 21 сентябр давом мекунад, дигар ҳузур надоштанд.

Як узви ин ҳайъат рӯзи 17 сентябр дар суҳбат бо сомонаи "Ахбор” тарки Варшава кардани ҳайъати расмии Тоҷикистонро тасдиқ кард. Ӯ дар шарҳи чунин зуд рафтани ҳайъати расмии Душанбе гуфт: "Дар тӯли як ҳафтае, ки мо дар анҷумани САҲА ширкат кардем, суханрониҳои асосӣ карда шуд ва паёмҳои муҳим низ расонда шуд. Ҳузури намояндагони расмии ҳукумат дар идомаи ҳамоиши Варшава дигар зарурат надошт.”

Ҳайъати Тоҷикистон дар ҳоле тарки анҷумани САҲА кард, ки рӯзи 17 сентябр дар ин ҳамоиш масъалаи озодиҳои сиёсӣ, аз ҷумла озодии баён ва озодии гирдиҳамоӣ, бо шумули ҳаққи шаҳрвандон барои ташкили ҳизбу гуруҳҳои сиёсӣ баррасӣ мешуд.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2016 ба нишони эътироз ба ҳузури намояндагони оппозитсияи тоҷик анҷумани САҲА-ро тарк кард ва соли 2017 дар ин ҳамоиш аслан ширкат накард.

Дар ин байн дар вокуниш ба роҳ додани намояндагони мухолифин ба минбари САҲА ҳукумат дафтарҳои саҳроии ин созмонро дар 5 минтақа баст ва мақоми танҳо дафтари боқимондааш дар Душанберо то сатҳи Дафтари барномаҳои САҲА пойин овард.

Дар арафаи анҷумани имсола низ дар матбуоти расмии Тоҷикистон ҳушдорҳое садо доданд, ки агар САҲА имсол низ ба мухолифини тоҷик минбар бидиҳад, ҳукумат метавонад охирин дафтари боқимондааш дар Душанберо низ бубандад.