Сентябр 19, 2018 17:41 Asia/Dushanbe
  • Туркманистон ҳоло ҳам ба автомашинаҳои Тоҷикистон иҷозати гузашт намедиҳад

Бисёре аз автомашинаҳои боркаш дар сарҳад истодаанду бархе бо роҳи алтернавтивӣ ба сафар баромаданд.

Ба нақл аз Форс, вазъ бо автомашинаҳо бо молу маҳсулоти Тоҷикистон дар сарҳади Туркманистон бетағйир боқӣ мемонад: гумрукчиёни туркман молу маҳсулоти барои Тоҷикистон таъиншуда ва содиротшударо аз Тоқикистон иҷозаи гузашт намедиҳанд.

Автомашинаҳои боркаш бо молу маҳсулоти Тоҷикистон аз охири моҳи август дар сарҳади Туркманистону Эрон ва Туркманистону Узбакистон дармондаанд.

Чанде аз автомашинаҳо ба самти Озарбойҷон роҳ пеш гирифтанд, то ки тариқи қаламрави Қазоқистону Узбакистон ба Тоҷикистон расанд.

Қаблан Вазорат ба автомашинаҳои боркаши раҳсипор ба Тоҷикистон, ки дар сарҳади байни Эрону Туркманистон дармондаанд, истифодаи роҳҳои дигарро барои бозгашт ба ватан тавсия дод.

Ба гуфтаи роҳбари ширкати ҳамлу нақли молу маҳсулоти “Реал Транс” Хайрулло Обидов, чор мошини ин ширкат бо бор дар қаламрави Эрон ва дутои дигараш дар Узбакистон қарор доранд.

Ӯ қайд кард, ки ду мошини ширкат бо бор ба самти Озарбойҷон роҳ пеш гирифтаанд, то ки бо роҳи тавсияшудаи Вазорати нақлиёт ба Тоҷикистон оянд, ки барои ин хеле зиёд маблағи иловагӣ сарф хоҳад шуд.

Ронандагони чанде аз автомашинаҳои дигар, ба гуфтаи ӯ, мошинҳоро дар таваққуфгоҳҳо дар марзи Туркманистон гузошта, ба хонаҳояшон баргаштаанд.