Ёдбуди Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 19 Sep 2018 14:04:14 GMT )
Сентябр 19, 2018 19:04 Asia/Dushanbe
  • Ёдбуди Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар Тоҷикистон

Намояндагони маҳофили сиёсӣ, илмӣ ва адабии се кишвари форсизабони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон ёди Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбарони ҷиҳоди Афғонистонро гиромӣ доштанд.

Ба нақл аз Рӯзгор, дар ин маҳфил, ки бо қироати Қуръони маҷид ва фотиҳа дар маҳалли сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон оғоз шуд, суханронон дар бораи саҳми боризи ин ду шахсият дар мубориза алайҳи таҷовузи Шӯравӣ сухан гуфтанд.

Аз Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд ба унвони кумаккунандагон ба сулҳи Тоҷикистон ёд шуд.

Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони милли Афғонистон 9 сентябри 2001 ба дасти Алқоида террор шуд.

Ду рӯз пас аз ин ҳодиса, моҷарои 11 сентябр дар Амрико рух дод.

Бисёре аз маҳофил Амрико ва ғарбро созмондиҳандаи аслии террори Масъуд ном мебаранд.

Чун муътақиданд, агар Масъуд зинда мебуд, ҳузури Амрикоро дар Афғонистон барнаметобид.