Сентябр 20, 2018 18:35 Asia/Dushanbe
  • Идомаи тағйироти кадрӣ дар Бадахшон бо фармонҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон

Бо фармонҳои тозаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон раванди тағйироти кадрӣ дар сатҳи раҳбарияти вилояти Бадахшон, воқеъ дар шарқи ин кишвар идома пайдо кард.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, дирӯз бад-ин тартиб раисони шаҳри Хоруғ, маркази вилоят ва шаҳристонҳои Рушон ва Роштқалъа аз мақомҳояшон барканор ва кадрҳои ҷадид ҷойгузини онҳо шуданд.

Тағйироти кадрии ҷадид дар Бадахшон ба думболи интиқоди шадиди ҳафтаи газиштаи Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти ғайри қобили қабули мақомоти Бадахшон дар масъалаи амният ва иқтисод сурат гирифтааст.

Пеш аз ин низ муовинони раиси вилоят ва раиси бахши умури дохилаи ин  вилоят аз мақомҳои худ барканор шуданд.

Ҳамзамон хабар расида, ки дирӯз барномаи ҷадиди мақомоти Бадахшон барои эҷоди назму тартиб дар ин вилоят, бавижа маркази он шаҳри Хоруғ шурӯ шудааст.