Худкушии фарди муттаҳам ба узвият дар гурӯҳҳои террористӣ дар Душанбе
Мақомоти Тоҷикистон аз марги як фарди муттаҳам ба узвият дар гурӯҳҳои террористӣ бар асари худкушӣ хабар доданд.
Ин хабарро як манбаъ дар Вазорати дохилаи Тоҷикистон ба хабаргузории Азия-плюс эълом карда ва афзуда аст, Фарҳод Сафармуҳаммадови 29-сола рӯзи 16 сентябр ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои террористӣ боздошт шуда буд.
Сафармуҳаммадов ҳангоми хуруҷ аз додгоҳе, ки ҳукми ҳабси ӯро содир кард, бо дастони баста фирор кард, ки неруҳои полис таъқибаш карданд ва ба як бинои баландошёна даромад.
Бар асоси ин гузориш, замоне ки милисаҳо ба маҳали ҳузури ин фард наздик мешаванд, ӯ худро ба поин меандозад, ки дар натиҷа муттаҳам ба ҳалокат мерасад.
Иддаои мақомот дар бораи худкушии Фарҳод Сафармуҳаммадов дар ҳоле матраҳ шуда, ки бастагони вай гуфтаанд, аслан иддаои даст доштани ӯ дар аъмоли террористиро қабул надоранд.
Дар ҳамин ҳол додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе эълом карда, ки таҳқиқ дар бораи марги ин фардро оғоз кардааст.