Сентябр 22, 2018 11:15 Asia/Dushanbe
  • Содироти 920 ҳазор тон семент аз Тоҷикистон аз ибтидои сол

Тоҷикистон бо тавлиди дувуним миллион тон семент тайи ҳашт моҳи ибтидои соли ҷорӣ, муваффақ ба содироти 920 ҳазор тон аз ин маҳсули сохтмонӣ ба хориҷи кишвар шудааст.

Ба гузориши сомонаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, тайи ин муддат ба Ӯзбакистон 520 ҳазор тон, ба Афғонистон 340 ҳазор тон ва ба Қирғизистон 60 ҳазор тон семент содир шудааст.

Мақомоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, далели афзоиши содироти сементи ин кишвар ба хориҷ ва ба вижа Ӯзбакистонро афзоиши сохтусоз дар кишвари ҳамсоя унвон мекунанд.

 Дар ҳоле ки тайи се моҳи нахусти соли ҷорӣ 322 ҳазор тон семент аз Тоҷикистон ба Ӯзбакистон содир шуда буд.

Дар маҷмуъ дар соли 2017 Тоҷикистон се миллиону 100 ҳазор тон семент тавлид карда буд, ки як миллион тони он ба Ӯзбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон содир шудааст.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, мудири шуъбаи пажӯҳишгоҳи иқтисод ва ҷамъияти вобаста ба Академияи улуми Тоҷикистон гуфтааст, ба сабаби рушди сохтусоз дар Ӯзбакистон ниёз ба сементи бокайфияти тавлидшуда дар Тоҷикистон низ рӯ ба афзоиш аст.

Зеро Тоҷикистон ба Ӯзбакистон анвои сементи навъи 400, 500 ва 600 содир мекунад, ки аз кайфияти бисёр болое бархудор аст.

Дар ҳоле ки бо вуҷуди бозсозии таҷҳизоти корхонаҳои тавлиди сементи Ӯзбакистон, дар таркиби маводи аввалияи ин масолеҳи муҳими сохтмонӣ гач вуҷуд дорад ки бар кайфияти он таъсири баде мегузорад.

Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, Ӯзбакистон солона ба панҷ миллион тон семент ниёз дорад, ки акнун аз панҷ як ҳиссаи ин маҳсули сохтмонӣ аз Тоҷикистон ворид мешавад.