Огоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон аз вазъи обу ҳаво бо паёмак
Сентябр 22, 2018 16:17 Asia/Dushanbe
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон эълом кардааст, барои иттилои фаврии шаҳрвандон аз вазъи обу ҳаво паёмакҳое ба телефони ҳамроҳи онон ирсол мекунад.
Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, аз онҷое, ки ин иттилорасонӣ бояд фаврӣ бошад, беҳтарин васила телефони ҳамроҳ аст, зеро ҳамаи шаҳрвандон иборат аз донишҷӯён, коргарон, донишомӯзон, солмандон ва нафақахӯрон аз ин василаи иртиботӣ истифода мекунанд.
Аз ин рӯ, раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон, ҷаласаи муштараке бо мудирони чанд ширкати мобилӣ баргузор кард, ки дар он мавридҳое монанди иттилоърасонии вазъи обу ҳаво бо ирсоли паёмак ва эъломи шумораҳои зарурӣ баррасӣ шуд.