Сентябр 24, 2018 09:54 Asia/Dushanbe
  • Гаронии семент дар Узбакистон воридот аз Тоҷикистонро афзоиш дод

Кумитаи давлатии омори Узбакистон иллати аслии афзоиши воридоти семент аз Тоҷикистонро гарон шудани баҳои барқу газ ва коҳиши тавлиди семент дар ин кишвар эълом кард.

Ба нақл аз Фарғона, тавлиди семент дар корхонаҳои Узбакистон ба далели афзоиши 60 дарсадии қиммати барқу газ 400 ҳазор тонна коҳиш ёфта ва ин дар ҳолест, ки сохту соз дар ин кишвар афзоиш доштааст .

Ҳашт моҳи нахусти имсол Узбакистон 520 ҳизор тонна семент аз Тоҷикистон ворид кардааст .

Қиммати семент дар Узбакистон дар тобистони имсол бо афзоиши чашмгир ба қиммати ҳар тонна 700 ҳазор суми узбакистонӣ расид.

Ин қиммат дар вилоятҳои Тошканд, Сирдарё ва Хоразм ба 743 то 764 ҳазор сум низ расидааст .

Ҳашт моҳи гузашта Тоҷикистон бо тавлиди дуву ним миллион тонна семент, 920 ҳазор тонна аз ин маҳсули сохтмониро ба дигар кишварҳо содир кардааст .