Сентябр 25, 2018 09:46 Asia/Dushanbe
  • “Ахбор”: Мақомоти Тоҷикистон аз ҳузури Ҳалимов дар Афғонистон иттилоъ доранд

Сомонаи мустақили “Ахбор” муддаӣ шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон аз ҳузури сарҳанг (полковник) - и фирорӣ Гулмурод Ҳалимов дар хоки Афғонистон хабар доранд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ин манобеъ бидуни ифшои номи хеш гуфтаанд, ки аз ҳузури ин сарҳанги фирорӣ дар Афғонистон иттилоъ доранд.

Мақомоти амниятии Афғонистон низ таъйид кардаанд, ки тарафи Тоҷикистон аз онон дархост кардааст то дар бораи иддаои ҳузури сарҳанги фирорӣ Гулмурод Ҳалимов дар қаламрави кишварашон ба Душанбе иттилоъ диҳанд.

Хабари ҳузури Гулмурод Ҳалимов дар Афғонистонро 11 рӯз қабл сомонаи “Ахбор” бо истинод ба суханони Додоҷони Атовуллоҳ, аз чеҳраҳои сиёсӣ ва расонаии тоҷик мунташир кард.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон то замони интишори ин хабар дар бораи ҳузури ин фармондеҳи ДИИШ дар Афғонистон ибрози назари расмӣ накардаанд.

Сарҳанг Ҳалимови 44 сола, фармондеҳи пешини нерӯи вижа (ОМОН) - и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон авохири апрели соли 2015 нопадид шуд ва авохири моҳи майи ҳамон сол бо интишори як паёми видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии Ютюб аз пайвастани худ ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.

Вай дар Тоҷикистон ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, узвият дар гурӯҳи террористӣ ва нақзи савганди вафодории афсарӣ таҳти пайгарди қазоӣ қарор дорад.

Манобеи хабарии мухталиф борҳо хабари кушта шудани вайро мунташир кардаанд, ки ҳеҷгоҳ таъйид нашудааст.

Тобистони соли 2017 Курт Райс, муовини амнияти вазири умури хориҷаи вақти Амрико аз таъйини ҷоизаи семиллиондолларӣ барои иттилоъ аз сарнавишти Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории тоҷик хабар дода буд.

Ба гуфтаи Райс, Ҳалимов давраҳои донишафзоиро дар яке аз пойгоҳҳои низомии Амрико фаро гирифта ва ба муҳрае муҳим дар миёни фармондеҳони гурӯҳи террористии ДИИШ табдил шудааст.

Дар моҳи июли соли 2017 дар даргирӣ миёни нерӯҳои полиси вижаи Тоҷикистон ва бародарони Гулмурод Ҳалимов дар ноҳияи Восеъ, дар минтақаи Кӯлоб, дар ҷануби Тоҷикистон, чаҳор нафар аз бародарон ва бародарзодаҳои вай кушта ва се нафар аз хешовандони ӯ боздошт ва ба зиндонҳои тӯлонӣ маҳкум шуданд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон муддаӣ буданд, ин афрод ба дастури Ҳалимов қасд доштанд ба Афғонистон бираванд.