Сентябр 25, 2018 10:26 Asia/Dushanbe
  • Вогузории сохти таъсисоти хати КАСА - 1000 дар Тоҷикистон ба ду ширкати хориҷӣ

Бунёди бахши тоҷикистонии тарҳи КАСА - 1000 ба ду ширкати шведӣ ва ҳиндӣ вогузор шуд.

Ба гузориши сайти “Тоҷик ТА”, Шӯрои байнидавлатии сохти тарҳи хати интиқоли барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон, мавсум ба КАСА - 1000 дар нишасти ахири хеш дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон эълом кард, ки кори сохти таъсисоти зербиноии ин тарҳ дар қаламрави Тоҷикистон ба ширкатҳои шведӣ ва ҳиндӣ вогузор шудааст.

Бар ин асос, ширкати шведии “ABB” мутааҳҳид шудааст, ки сохти истгоҳи барқи фишорқавӣ бо тавони як ҳазору 300 мегаваттро аз минтақаи фаъолияти ду нерӯгоҳи обии “Сангтӯда – 1” ва “Сангтӯда – 2” ба поён бирасонад.

Ширкати ҳиндии “Kalpataru Power Transmission Ltd” низ сохти хати 500 киловаттии интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистонро бар ӯҳда гирифтааст.

Илова бар ин, бо ширкати итолиёии “CES” ба унвони мушовири тарҳи сохти хати КАСА - 1000 дар Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ имзо шудааст.

Гуфта мешавад, ки кори сохти таъсисоти зербиноии ин тарҳ дар қаламрави Тоҷикистон дар соли 2021 ба поён хоҳад расид.

Тарҳи интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ва Покистон, мавсум ба КАСА - 1000 як тарҳи минтақаӣ аст, ки бозори хариду фурӯши барқ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо кишварҳои ҷануби шарқи Осиё ба вуҷуд меоварад.

Бо иҷрои ин тарҳ, дар фасли тобистон барқи изофии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон мунтақил хоҳад шуд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаш моҳ аз сол метавонанд наздик ба панҷ миллиард киловатт соат барқро аз тариқи хати КАСА - 1000 ба Афғонистон ва Покистон мунтақил кунанд.

Ҳазинаи сохти ин тарҳ, ки бояд дар соли 2020 ба баҳрабардорӣ мерасид, беш аз як миллиард доллар баровард шудааст.

Маросими оғози сохти тарҳи КАСА - 1000 бо ҳузури сарони кишварҳои шарик дар ин проект рӯзи 12 – уми майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон баргузор шуда буд.