Сентябр 25, 2018 14:07 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистон ба идомаи сохти роҳи оҳани сеҷониба

Мақомоти Тоҷикистон ба идомаи сохти роҳи оҳани сеҷониба бо кишварҳои Афғонистон ва Туркманистон таъкид карданд.

Ба гузориши сомонаи “СА – Нюс”, як мақоми аршади Вазорати роҳ ва нақлиёти Тоҷикистон дар ин замина гуфтааст, мутахассисони ин вазоратхона масирҳои убури ин роҳ дар қаламрави Тоҷикистонро мушаххас кардаанд.

Дар ҳамин пайванд, Тоҷикистон мунтазири дарёфти нақшаи Афғонистон барои таҳияи масирҳои мавриди назар дар қаламрави он кишвар аст.

Дар айни ҳол, мақомоти афғон кор рӯйи нақшаи ёдшударо идома медиҳанд.

Баҳси сохти роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон - Туркманистон ба дунболи баёнияи ахири Туркманистон дубора бар сари забонҳо афтодааст.

Вазорати умури хориҷаи Туркманистон дар эътирози расмӣ ба Тоҷикистон муддаӣ шуд, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбакистон хостори таъхир дар идомаи сохти ин масири муҳими минтақаӣ шудааст.

Аммо Содиқ Имомӣ, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбакистон мегӯяд, тарафи Туркманистон аз сӯҳбатҳои ӯ бо расонаҳои Русия бардошти дурусте накарда ва дар ояндаи наздик Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба ин мавзуъ посух хоҳад дод.

Кори сохти роҳи оҳани муштараки Тоҷикистон – Афғонистон - Туркманистон аз соли 2013 оғоз шудааст.