Сентябр 27, 2018 10:03 Asia/Dushanbe
  • Роҳи Душанбе-Хоруғ яке аз панҷ макони ҷаззоби Осиёи Марказӣ

Маҷаллаи National Geographic роҳи вилояти Бадахшони Тоҷикистонро дар радифи панҷ макони ҷаззоби Осиёи Марказӣ қарор дод.

Ба нақл аз Спутник, роҳи кӯҳистонии вилояти Бадахшони Тоҳикстон, ки маҷаллаи машҳури National Geographic онро яке аз ҷаззобтарин диданиҳои Осиёи Марказӣ муаррифӣ кардааст, бо тӯли 700 километр дар соҳили рудхона Аму ва марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон ва Чин, шаҳри Душанберо бо шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон ва шаҳри Уши Қирғизистон мепайвандад.

Ин роҳ дар замони ҳукумати Шӯравӣ дар 1940 таи шаш моҳ эҳдос шуда ва то ба ҳол мавриди истифода қарор мегирад.

Дар канори роҳи кӯҳистонии Душанбе-Хоруғ тақрибан ҳеҷ таъсисоти зербиноӣ барои хидматрасонӣ ба гардишгарон вуҷуд надорад, аммо манзараҳои кӯҳистонӣ, вуҷуди чанд қулла бо иртифои беш аз ҳафт ҳазор метр ва гарданаҳои муртафаъ аз умдатарин ҷозибаҳои ин масири куҳистонӣ аст, ки муҷиби ҷазби ҳазорон гардишгари хориҷӣ дар сол ба Тоҷикистон мешавад.

Аксари гардишгарони хориҷӣ бо ҳадафи фатҳ қуллаҳои болои ҳафт ҳазор метрӣ, дучархасаворӣ дар масири кӯҳистонии Душанбе-Хоруғ ва шикори бузҳои кӯҳӣ вориди қаламрави вилояти Бадахшони Тоҷикистон мешаванд.