Сентябр 27, 2018 10:24 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудияти нақлиётӣ дар Душанбе, имрӯз ва фардо

Аз соати 9 субҳи имрӯз панҷшанбе 27 сентябр то фардо шаб дар ҳудуди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон маҳдудияти тарадуди воситаҳои нақлиёт иҷро хоҳад шуд.

Тибқи иттилоияи Созмони роҳнамоӣ ва ронандагии вобаста ба Вазорати Тоҷикистон, ин маҳдудиятҳо ба далели баргузории Иҷлоси сарони кишварҳои узви ҷомеъаи Ҳамсуд иҷроӣ шудааст.

Тайи ин ду рӯз тарадуди воситаҳои нақлия дар хиёбонҳои Дониш, Айнӣ, Рудакӣ, Бухоро, Турсунзода, Беҳзод, Лоҳутӣ, Сомонӣ, Ганҷавӣ, Вайдуллоҳов, Карамов ва Навоӣ маҳдуд хоҳад шуд. Ҳамчунин маҳдудиятҳо дар масирҳои миёни Душанбе ва шаҳристонҳои Турсунзода ва Норак низ ҷорӣ хоҳад шуд.

Иҷлоси сарони кишварҳои узви ҷомеъаи Ҳамсуд тайи имрӯз ва фардо 27-28 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Дар ин иҷлос ба ғайр аз Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон дигар сарони кишварҳои узви ҷомеъаи Ҳамсуд ширкат хоҳанд кард.

Ба ҳамин муносибат тадбирҳои амниятӣ ва нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе ва атрофи он ташдид шудааст.