Сентябр 27, 2018 14:19 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Раҳмон бо сарони ҳозир дар иҷлоси Иттиҳоди давлатҳои мустақил

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) бо президентҳои Молдова ва Узбакистон мулоқот намуд.

Ба нақл аз Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе бо Шавкат Мирзиёев, президенти Узбакистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.

Таъкид гардид, ки ҳадафҳои созандаи сарони давлатҳо, аз ҷумла масъалаи сохтмони ду неругоҳ дар болои дарёи Зарафшон, таъсиси филиали ширкати “Артел” дар Тоҷикистон ва дигар иқдомоти нек ба манфиати мардумони ду кишвар равона гардидааст”.

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Молдова Игор Додон низ вазъи феълии муносибатҳои ҳамкорӣ ва дурнамои он мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷарёни мулоқот ба роҳ мондани равобити дуҷониба дар самти содироту воридоти маҳсулоти хоҷагии кишлоқ, аз ҷумла содироти меваи хушк ва асал ба Молдова, ҳамкорӣ дар бахши чорводорӣ, байторӣ, растанипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ, табодули таҷрибаи кишвари дӯст оид ба парвариши ангур, истифодаи технологияи муосир аз самтҳои муҳим маънидод карда шуд.