Сентябр 29, 2018 19:51 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи марҳалаи дуввуми хатти тавлиди тракторҳои Беларус дар Тоҷикистон

Марҳалаи дуввуми корхонаи муштараки тавлиди тракторҳои Беларус бо ҳузури раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус, дар шаҳари Ҳисори Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ расид.

Ба гузориши хабаргузории Ховар, Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар маросими ифтитоҳи марҳалаи дуввуми корхонаи муштараки тавлиди тракторҳои Беларус дар шаҳри Ҳисор, бар зарурати густариши ҳамкориҳои  дуҷониба таъкид карданд.

Бо баҳрабардорӣ аз марҳалаи нахусти корхонаи монтожи тракторҳои Беларус дар шаҳри Ҳисор дар моҳи майи гузашта, замина барои тавлиди солона 600 дастгоҳ трактор дар Тоҷикистон фароҳам шуд.

Мудирияти ин корхона эълом кардааст, ки бо ифтитоҳи марҳалаи дуввуми ин маркази тавлидӣ, рӯзона шаш дастгоҳ трактор дар ин корхона монтож мешавад.

Таҷҳизоти насбшуда дар ин корхона, имкони тавлиди тракторҳои "Беларус 80" ва "Беларус 82"-ро фароҳам мекунад, ки ба тадриҷ ба зарфияти арзаи солона 800 дастгоҳ трактор хоҳад расид.

Бахши кишоварзии Тоҷикистон ба иллати фарсудагии мошинолоти кишоварзӣ ба шиддат ба навсозии таҷҳизот ниёз дорад.

Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон умедвор аст, битавонад бахше аз ин тракторҳоро ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Афғонстон содир кунад.