Афзоиши дархости паноҳандагии тоҷикон дар Полша
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38415-Афзоиши_дархости_паноҳандагии_тоҷикон_дар_Полша
Мақомоти Полша аз афзоиши дархости паноҳандагии тоҷикон дар ин кишвар хабар доданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 30, 2018 09:49 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши дархости паноҳандагии тоҷикон дар Полша

Мақомоти Полша аз афзоиши дархости паноҳандагии тоҷикон дар ин кишвар хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Осиёи Марказӣ, ин мақомот гуфтаанд, ки аз ибтидои имсол 121 шаҳрванди Тоҷикистон аз Варшава дархости паноҳандагӣ кардаанд, ки 16 дарсад аз давраи мушобеҳи соли қабл бештар будааст.

Ба гуфтаи ин мақомот, Тоҷикистон пас аз Русия ва Украина дувумин кишваре аст, ки шаҳрвандони он аз Полша дархости паноҳандагӣ кардаанд.

Дар ин муддат танҳо бо дархости 10 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои паноҳандагӣ дар Лаҳистон мувофиқат шуда ва бақияи дархостҳо рад шудааст.

Дар соли 2017 бо дархости паноҳандагии беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон дар Полша мухолифат шуд ва танҳо 7 нафар аз тоҷикон муваффақ шуданд, ки ба Варшава паноҳанда шаванд.

Бар асоси ин гузориш, то соли 2014 чунин дархостҳое бисёр камтар буд, ба тавре ки дар соли 2014 танҳо 105 шаҳрванди Тоҷикистон барои паноҳандагӣ ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо муроҷиа карда буданд. Аммо пас аз соли 2015 ва ҳамзамон бо эъломи мамнуъияти фаъолияти ҳизби Наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон, теъдоди паноҳҷӯёни тоҷикистонӣ ба таври чашмгире афзоиш ёфтааст.

Бо ин ҳол мақомоти Тоҷикистон муддаианд, ки шуморе аз шаҳрвандони тоҷикистонӣ, ки худро мухолифи сиёсии ҳукумати Душанбе муаррифӣ мекунанд, аъзои аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ нестанд, балки танҳо бо баҳона қарор додани ин мавзӯъ ва бо ҳадафи ёфтани шуғли муносиб талош мекунанд, ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо паноҳанда шаванд.