Афви яке аз мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон
Расонаҳои тоҷикӣ аз бозгашти довталабонаи яке аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ба кишвараш ва афви ӯ хабар додаанд.
Ба гузориши сомонаи Ахбор, Мирзохӯҷа Исмоилов, ки мақомоти Тоҷикистони ӯро узви ҳизби мамнуъшудаи Наҳзати исломӣ медонанд, 29 сентябр аз Олмон ба Тоҷикистон бозгашт ва аз сӯи мақомоти ин кишвар афв шуд.
Яке аз ошноёни Исмоилов гуфтааст, ӯ бо визаи Литва ба Олмон рафта буд, вале натавонист аз ин кишвар паноҳандагӣ бигирад.
Агарчи аъзои ҳизби фаъолияташ мамнуъи Наҳзати исломӣ узвияти Исмоиловро дар ин ҳизб рад мекунанд, сайти Ахбор ба нақл аз манобеи хабарии худ навиштааст: Мирзохӯҷа Исмоилов то пеш аз фирораш ба Олмон дар ноҳияи Мастчоҳ узви ҳизби мамнуъаи Наҳзати исломӣ буда ва дар Аврупо низ бо ин ҳизб ҳамкорӣ доштааст.
Бар асоси ин гузориш, Исмоилов моҳи сентябри 2016 дар ҷамъи мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти солонаи Созмони амният ва ҳамкори Аврупо бо либосе, ки тасвири зиндониёни сиёсӣ рӯйи он нақш баста буд, дида шуд.
Мирзохӯҷа Исмоилов бо ҳамкории мақомоти раёсати вилоятии Кумитаи давлатии амиянти миллӣ аз Олмон ба Тоҷикистон бозгашта ва пас аз таслими довталабонаи худ ба мақомоти ин кишвар афв шудааст.