Мамнуияти либоси миллӣ барои духтарон дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон
(last modified Mon, 01 Oct 2018 05:13:27 GMT )
Октябр 01, 2018 10:13 Asia/Dushanbe
  • Мамнуияти либоси миллӣ барои духтарон дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон

Мирзобек Шарипов, декани риштаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ синфхона ба синфхона гашта, ба духтароне, ки дар сар рӯймол ва дар тан либоси тоҷикӣ доштанд, ҳушдор додааст, ки ё либоси аврупоӣ бипӯшанд ваё аз донишгоҳ ихроҷ хоҳанд шуд. "Инҷо шаҳр аст, на қишлоқ. Мисли кампирҳои 70-сола эзор пӯшидаед,”- таъна задааст декан ба духтарони донишҷӯ.

Ба нақл аз Ахбор, чунин ба назар мерасад, ки маъракаи мубориза бо сатру ҳиҷоб ҳамчун "либосҳои бегона” ва таблиғи либоси миллӣ дар Тоҷикистон акнун ба маъракаи нави таблиғи кофтаву юбка ҷой холӣ мекунад.

Аз мактабҳои миёна ва олии Тоҷикистон гузоришу шикоятҳои навбанав дар бораи маъракаи нави маҷбур кардани донишҷӯёну омӯзгорон ба пӯшидани либосҳои аврупоӣ ба даст мерасанд.

Солҳои гузашта дар мактабҳои Тоҷикистон мубориза бо сатру ҳиҷоб ҳамчун либосҳои бегона дар меҳвар қарор дошт. Мақомот мегуфтанд, ки мақсад аз ин муборизаҳо ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ ва таблиғи либоси миллии тоҷикист. Дар чорчӯби он маъракаҳо пӯшидани сатру ҳиҷоб дар мактабҳои миёнаву олӣ ва дар идораҳои давлатӣ комилан манъ шуд ва ҳатто агар зани ҳиҷобпӯши корафтодае ба идораи давлатӣ ваё ҳатто ба бемористон биояд, пеш аз даромадан аз ӯ талаб мекунанд, ки рӯмолашро "тоҷикӣ”, яъне кӯтоҳ ва ба тарафи қафо бубандад.

Вале акнун, тавре ба назар мерасад ҷои таблиғи либоси миллии тоҷикиро ҳарчӣ бештар маъракаи нави таблиғи либоси аврупоӣ танг мекунад.

Дар аввали соли таҳсил аз омӯзгорон талаб карданд, ки аз 1 сентябр ҳама бо кофтаву юбка ба дарс биоянд. Ҳатто дар мактабҳоидеҳот.

Ҳамин тавр, ахиран аз коллеҷи омӯзгории Кӯлоб хабар доданд, ки мудири ин коллеҷ аз духтарони донишҷӯ талаб кардааст, ки то 1 октябр барои харидани кофтаву юбка ҳар кадомаш 200 сомонӣ бисупорад.