Барканории раиси вилояти Бадахшони Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи якуми октябр бо судури фармоне Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшонро аз мақомаш барканор ва Ёдгор Файзовро ба ин мақом мансуб кард.
Ба гузориши дафтар матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшонро ба далели интиқол ба мақоми дигар аз симматаш барканор кард.
Ҳамчунин дар фармони дигар Эмомалӣ Раҳмон Ёдгор Файзовро, ки ба муддати тӯлонӣ дар Бунёди Оғохон дар ин минтақа фаъолият мекард, ба мақоми раиси вилояти Бадахшон мансуб кард.
Тағйироти кодрӣ дар раёсати вилояти Бадахшон дар ҳоле аст, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 сентябр дар поёни сафари панҷрӯзаи худ ба ин вилоят, ба масъулони Бадахшон як моҳ мӯҳлат дода буд, то назму амнияти умумиро дар ин вилоят барқарор кунанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо интиқод аз фаъолияти ғайриқобили пазириши мақомоти вилояти Бадахшон таҳдид карда буд, ки агар дар муддати як моҳ натавонанд дар ин минтақа, назму амнияти умумиро барқарор созанд аз мақомҳои хеш барканор хоҳанд шуд.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 сентябр муовинони раис, раиси пулис, раиси додгоҳ ва раиси пулиси Бозрасии давлатии автомобили (БДА)-и вилояти Бадахшон, раисони пулиси шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоят ва чаҳор ноҳияро барканор ва афроди дигареро ба ҷои онон мансуб карда буд.