“Илму дониш муҳим аст ё рӯсарӣ? ”
Фаъоли расонаии Тоҷикистон бо мушоҳидаи бархурди хашини устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ба номи Абуалӣ Синои ин кишвар бо духтарони донишҷӯи рӯсарипӯш, ин пурсишро матраҳ кардааст, ки илму дониш муҳим аст ё рӯсарӣ?
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Бобоҷони Шафеъ дар сафҳаи хеш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштааст, ки субҳи рӯзи аввали моҳи октябр 45 дақиқа шоҳиди бархурди хашини устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ба номи Абуалӣ Синои шаҳри Душанбе бо духтарони донишҷӯ буда, ки ҳатто бо рӯсариҳое, ки ба унвони либоси миллӣ таблиғ мешуд, иҷозаи вуруд ба синфро намеёфтанд.
Вай навиштааст: «Вақте, ки ин нуктаро ба хонуме, ки устоди ин донишгоҳ буд ва монеи вуруди духтарони донишҷӯ бо рӯсарӣ ба синфҳо мешуд ёдоварӣ кардам, ки Пешвои миллат - раиси ҷумҳурии Тоҷикистон худ борҳо бар зарурати пӯшидани либоси миллӣ, ки рӯсарӣ ҷузви он аст, таъкид карда ва шумо ба чӣ далел монеи вуруди духтарони донишҷӯ ба синфҳо мешавед, чунин посух шунидам: моро ҳукумат маҷбур мекунад, ки рӯсарии духтаронро бардорем».
Ин рӯзноманигор навиштааст, духтароне, ки бо домани кӯтоҳ ва либоси аврупоӣ меомаданд, ҳеҷ мушкиле надоштанд.
Бобоҷони Шафеъ навиштааст: «Ман ба ин натиҷа расидам, ки ҳадафи мақомоти ҳукуматӣ аз таблиғи либоси миллӣ тарвиҷи фарҳанги бараҳнагӣ ва урёнӣ будааст».