Октябр 02, 2018 17:32 Asia/Dushanbe
  • Қатъи парвозҳои ширкати Осмон ба Тоҷикистон сиёсӣ нест

Як мақоми масъул дар ширкати ҳавопаймоии эронии Осмон иллати қатъи парвозҳои ин ширкат аз Эрон ба мақсади Тоҷикистонро ғайрисиёсӣ донист ва гузоришҳои мунташиршуда дар бораи сиёсӣ будани онро рад кард.

Самади Аминзода, муовини бозаргонӣ ва хадамоти фурӯгоҳии ширкати ҳавопаймоии Осмон ба Ирно гуфт: Ин хати ҳавоӣ танҳо ба иллати навасони қиммат асъор ва набуди тавҷеҳи иқтисодӣ, парвозҳои байналмилалии худ ба чанд кишвар аз ҷумла Тоҷикистонро аз аввали меҳр моҳ (23 сентябр) ба таври муваққат қатъ кардааст.

Вай бо радди иддаои хабари радиои Озодӣ дар бораи сиёсӣ будани иллати қатъи парвозҳои ин ширкат афзуд: Аз онҷое, ки санъати ҳавопаймоӣ вобаста ба фанновариаҳои мутааддид аст ва ҳазинаҳои асъории зиёде дорад, ҳавопаймои Осмон ба таври муваққат парвозҳои худро ба мақсади Душанбе мутаваққиф кардааст.

Вай таъкид кард: Баъд аз барқарории суботи қиммат дар бозори асъори Эрон, раванди парвозҳои пурмусофири ширкати Осмон аз Машҳад ва ё Теҳрон ба Душанбе, ки наздики се даҳа барқарор буд, ба риволи гузашта бозхоҳад гашт.

Бахши тоҷикии радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта муддаӣ шуда буд, ки ширкати ҳавопаймоии Осмон ба иллати буҳрон дар муносиботи сиёсии Теҳрон ва Душанбе ва коҳиши тақозоҳои парвоз дар ин масир, парвозҳои худро ба мақсади пойтахти Тоҷикистон комилан қатъ кардааст.

Ин радио ба нақл аз бархе манобеъ ингуна вонамуд карда буд, ки қатъи парвози ҳавопаймоҳои “Осмон Эйр” ба тамдид нашудани иҷозатномаи фаъолияташ дар Тоҷикистон иртибот дорад.

Ин дар ҳолест, ки Азизи Набизода, муовини Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо расонаҳои маҳаллии ин кишвар гуфтааст: Парвозҳои ширкати Осмон иҷозатномаи лозимро барои парвоз ба Тоҷикистон доранд.

Набизода дар айни ҳол аз иллати қатъи парвозҳои ин ширкати ҳавопаймоии эронӣ ибрози беиттилоӣ кардааст.