Октябр 03, 2018 11:25 Asia/Dushanbe
  • Раиси нави вилояти Бадахшон: Ба анҷоми амалиёти низомӣ ниёзе нест

Раиси тозамансубшудаи вилояти Бадахшон гуфтааст, барои барқарории назму амнияти умумӣ дар ин минтақа ҳеҷ ниёзе ба истифода аз нерӯ ва анҷоми амалиёти низомӣ вуҷуд надорад.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Ёдгор Файзов дар нишаст бо аъзои коргурӯҳи барқарории назму амнияти умумӣ дар вилояти Бадахшон дар рӯзи дувуми октябри соли ҷорӣ гуфтааст, анҷоми амалиёти низомӣ мадди назар нест.

Вай гуфтааст, ин навъ овозапароканӣ беасос аст ва мардум бояд барои барқарории назму амнияти умумӣ бо мақомоти амниятӣ ва интизомӣ ҳамкорӣ кунанд.

Аъзои коргурӯҳи барқарории назму амнияти умумӣ дар вилояти Бадахшон ба Ёдгор Файзов гузориш додаанд, тайи чанд рӯзи ахир дар пайи гуфтугӯ бо мардум беш аз 100 қабза силоҳҳои мухталиф довталабона таҳвили мақомоти амниятӣ ва интизомӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15 - уми сентябри соли ҷорӣ дар поёни сафари панҷрӯзаи худ ба вилояти Бадахшон, ба масъулони ин вилоят як моҳ мӯҳлат дода буд то назму амнияти умумиро дар ин вилоят барқарор кунанд.

Вай таъкид карда буд, барои ин кор дар сурати зарурат аз нерӯҳои низомии фиристода аз Душанбе низ истифода кунанд, ки ин мавзуъ боиси интишори овозаҳо дар бораи эҳтимоли анҷоми амалиёти низомӣ дар вилояти Бадахшон шуд.

Ба дунболи ин дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон, муовинони вай, раиси полис, раиси додгоҳ ва раиси полиси роҳнамоӣ ва ронандагии вилояти Бадахшон, раисони полиси шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоят ва чаҳор ноҳияро барканор ва афроди дигареро ба ҷойи онон мансуб кард.

Эмомалӣ Раҳмон тайи фармони дигаре, Ёдгор Файзовро, ки ба муддати 25 сол дар бунёди Оқохони чаҳорум дар ин минтақа фаъолият мекард, ба симати раиси вилояти Бадахшон мансуб кард.