Октябр 03, 2018 11:55 Asia/Dushanbe
  • Сафари расмии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷопон

Аз имрӯз барномаҳои сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷопон оғоз мешавад.

Ба гузориши дафтари матбуотии дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон то панҷуми октябр тӯл хоҳад кашид.

Вазорати хориҷаи Ҷопон ҳам ин сафарро серӯза эълом кардааст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сафар ба Токио, вазирони хориҷа, молия, нақлиёт ва энержӣ, раисони Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва низ утоқи бозаргонии Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд.

Дидор бо император ва нахуствазири Ҷопон аз ҷумлаи барномаҳои аслии Эмомалӣ Раҳмон дар сафар ба ин кишвар аст.

Пеш аз ин раисҷумҳурии Тоҷикистон чандин бор ба Ҷопон сафар карда буд, ки охирини он дар соли 2017 буд.

Ҷопон дар рӯзи 28 – уми декабри соли 1991 истиқоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт.

Бо вуҷуди гузашти наздик ба 27 сол аз барқарории равобити Душанбе- Токио, ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар чандон ризоиятбахш нест. Ба тавре ки ин шохис дар соли гузашта ҳудуди 30 миллион доллар буд.