Октябр 04, 2018 09:53 Asia/Dushanbe
  • Туркманистон иҷозатномаи ҳаракати мошинҳои боркаши Тоҷикистонро содир кард

Мақомоти Вазорати нақлиёти Туркманистон аз севуми октябр иҷозатномаи ҳаракати мошинҳои боркаши беш аз як моҳ мутаваққифмондаи Тоҷикистонро содир карданд.

Ба нақл аз Фарғона, теъдоде аз ронандагони ин мошинҳои боркаш гуфтаанд, ки аз  севуми октябр барои онон иҷозатномаи рафтан ба Тоҷикистон содир шуд.

Мақомоти Туркманистон ба таври ҳамзамон ба мошинҳои боркаши эронӣ низ, ки ба мақсади Тоҷикистон боргирӣ шуда ва пушти вурудиҳои марзи Туркманистон мунтазири рафтан ба Душанбе буданд, пас аз як моҳ иҷозатномаи ҳаракат додаанд.  

Мақомоти Ишқобод ҳануз дар бораи иллати мутаваққиф кардани беш аз 100 мошини боркаши тоҷикистонӣ ва эронӣ дар вурудиҳои Туркманистон тавзеҳ надодаанд.

Чанд рӯз қабл низ бо гузашти як моҳ аз таваққуфи мошинҳои боркаши озими Тоҷикистон дар вурудиҳои Туркманистон мақомоти Туркманистон ба мошинҳои боркаши ширкатҳои туркияӣ иҷозатномаи идомаи масир ба мақсади Тоҷикистонро доданд.

Таваққуфи мошинҳои боркаши Тоҷикистон дар вурудиҳои Туркманистон мушкилоти зиёде барои ронандагон ҳамроҳ дошт, зеро теъдоде аз онон маҷбур шуданд, ки дубора вориди хоки Эрон шаванд ва бо гузар аз масири тӯлонии Эрон, Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон ва Узбакистон ба самти Тоҷикистон ҳаракат кунанд.