Октябр 04, 2018 12:54 Asia/Dushanbe
  • Дархост барои таътилии намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон

Нимаи дуюми рӯзи 3 октябр, аз соати 14 то 16 ҳудуди 20 нафар дар назди дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе бо талаби қатъи фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон гирди ҳам омаданд.

Ба нақл аз Ахбор, гирдиҳамомадагон САҲА-ро ба дастгирии гуруҳҳои террористии зидди ҳукумат айбдор карданд. Аммо ба ҷуз аз як посбон, касе аз дафтари САҲА пеши ин ҷавонон наомад.

Яке аз иштироккунандагони ин раҳпаймоӣ ба сомонаи "Ахбор” гуфт, онҳо ду соат – аз соати 14 то 16 дар назди бинои дафтари САҲА дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе истоданд, вале касе аз намояндагони ин созмон онҳоро қабул накарда ва касе пеши онҳо набаромад. Ӯ мегӯяд: "Танҳо дарбони дафтари САҲА ба ҷавонони ҷамъшуда гуфт, ки аксари кормандон дар сафарҳои хидматӣ дар хориҷа қарор доранд ва кормандони боқимонда хоҳиш ё салоҳияти қабул ва суҳбат бо эътирозгаронро надорад.”

Иштироккунандаи дигар гуфт, онҳо ҳудуди 20 нафар ва аксар донишҷӯ буданд: "Вале аз як донишгоҳ набуданд, чунки якдигарро намешинохтанд. Онҷо ягон шиори умумӣ набуд. Фақат: Нест бод терроризм! Талаби мо ҳам қатъи фаъолияти САҲА дар Тоҷикистон буд.”

Гирдиҳамомадагон бо худ шиор надоштанд ва касе аз онҳо низ дар назди дафтари САҲА суханронӣ накардааст. Танҳо яке аз онҳо бо дарбони САҲА каме баҳс карда, гуфтааст, ки ин созмон аз фаъолияти "гуруҳҳои террористии зидди ҳукумати Тоҷикистон” пуштибонӣ мекунад ва ба ин далел, бояд фаъолияташ дар Тоҷикистон қатъ карда шавад.

Баъди ду соати интизорӣ, вақте касе аз масъулони САҲА пеши онҳо наомад, ин ҷавонон пароканда шудаанд.

Ин эътироз ду ҳафта баъд аз анҷоми анҷумани солонаи САҲА дар Варшава доир шуд. Қабл аз анҷумани Варшава рӯзи 7 сентябр низ даҳҳо нафар дар назди дафтари САҲА дар Душанбе гирд омада, аз ин созмон талаб карда буданд, ки намояндагони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ)-ро ба анҷуманаш роҳ надиҳад. Тазоҳургарон аз ҳукумати Тоҷикистон низ хоста буданд, то ин охирин дафтари САҲА-ро бубандад. Дар ҷараёни он эътироз Гулчеҳра Шодмонова, модари роҳбари гуруҳи масъули куштори сайёҳони хориҷӣ Ҳусейн Абдусамадов (Нахӯдов) ҳатто талош кард, ки ба сару рӯяш бензин рехта, худро оташ бизанад, вале кормандони милиса ӯро боздошт карданд.