Октябр 04, 2018 13:47 Asia/Dushanbe
  • Идомаи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ҷопон

Сафари Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токиои Ҷопон идома меёбад.

Ба иттилои манобеи расмӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон дирӯз ва дар рӯзи дувуми сафари худ ба Ҷопон аз ду шаҳри Хиросима ва Киото дидо намуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари расмиаш ба Ҷопон ба музофоти Киото сафар карда, аз “Қалъаи Ниҷоҷо” боздид намуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар “Қалъаи Ниҷоҷо” бештар ба парвариши боғҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.

Хиросима ва Нагасаки ду шаҳри Ҷопон ҳастанд, ки 1945 Амрико онҳоро бомбаборони ҳастаӣ кард.  

Ин ҷинояти Амрико муҷиби кушта ва маълул шудани садҳо ҳазор мардуми бедифои Ҷопон шуд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон то ҷумъа тӯл хоҳад кашид.