Октябр 05, 2018 18:20 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо мақомоти аршад ва тоҷирони Япония  

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо император, раиси парлумон, раиси ожонси ҳамкориҳои байналмилалӣ ва маҳофили касбу кори Япония дидор ва дар Донишгоҳи Сукубаи ин кишвар суханронӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон дар Япония бо мақомоти аршад ва тоҷирони ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Акихито императори Япония масоили марбут ба вазъияти феълӣ ва чашмандози ҳамкории дӯстонаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Дар ин дидор эълом шуд, равобити сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ ва инсонии Тоҷикистон ва Япония дар ҳоли тавсиа аст ва то ба имрӯз беш аз 420 тарҳи иҷтимоии муштарак ба арзиши беш аз 350 миллион доллар дар Душанбе иҷро шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханоне аз императори Япония бобати ҳимояти мудовим аз омӯзишу бозомӯзии мутахассисони тоҷик дар муассисаҳои омӯзишии ин кишвар дар чорчуби барномаҳои мухталифи башардӯстона дар дар ҳавзаҳҳои фаннӣ ва инсонӣ қадрдонӣ кард.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчуби сафари худ ҳамчунин бо Синдзо Абэ нахуствазир ва Тадамори Ошима раиси парлумони Япония дидор ва гуфтугӯ кард.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ин сафар ҳамчунин бо раёсати анҷумани тиҷорат бо Русия ва кишварҳои узви ИДМ ва ширкатҳои бонуфузи Япония мулоқот кард.

Раҳмон фазои Тоҷикистонро барои сармоягузорони хориҷӣ, амн ва муносиб донист ва аз маҳофили касбу кори Япония даъват кард, ки барои ошноии бештар бо имконоти сармоягузории Тоҷикистон ба ин кишвар сафар кунанд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи 2 октябр дар садри як ҳайати баландпояи сиёсӣ-иқтисодӣ вориди Япония шуд.

Аз нукоти ҳошияии сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Япония беэътинои ӯ ба табрики мудирият ва коркунони ширкати бузурги Ҳитачи ба муносибати рӯзи таваллудаш буд, ки гуфт, барояш ҷашни таваллуд аҳамият надорад.

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 5 октябр 66-сола шуд.