Октябр 05, 2018 21:37 Asia/Dushanbe
  • Шодии тоҷикистониён аз роҳёбии тими футболи навҷавонон ба финали Осиё

Дар пайи роҳёбии тими футболи навҷавонони Тоҷикистон ба финали Осиё, мавҷе аз шодӣ ин кишварро фаро гирифтааст.

Тими футболи навҷавонони Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе дар Куала-Лумпур тавонист бо зарбаҳои пенолти тими қудратманди Кореяи Ҷанубиро шикаст диҳад, то рақиби Япония дар бозии ниҳоӣ шавад.

Бозии финал рӯзи 7 октябр баргузор мегардад.

Ин муваффақияти таърихӣ дар фазои маҷозӣ низ бо истиқболи густурдаи тоҷикон рӯбарӯ шудааст.

Обид Шукурзода, пажӯҳишгари тоҷик дар Файсбук бо навиштани “Тоҷикистон вирди забонҳо, пирӯзӣ муборак бод”, ин пирӯзиро ба ҳамватанон табрик гуфтааст.

Султони Ҳамад, рӯзноманигори пешкисват ҳам ба бозиҳои бидуни шикасти тими футболи навҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё ишора карда ва онро бузургтарин муваффақияти футболи Тоҷикистон дар таърихи ин кишвар донистааст.

Сайти Parstoday ва радиои тоҷикии Садои Хуросон низ ин пирӯзии навҷавонони тоҷикро ба ҳамаи мухотибони гиромӣ табрик мегӯяд.