Октябр 06, 2018 11:11 Asia/Dushanbe
  • Саҳми саронаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз қарзи хориҷӣ - 320 доллар

Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар сурати тақсими сарона ба ҳар шаҳрванди ин кишвар, 320 доллар хоҳад буд.

Ба гузориши “Авесто”, дар ҳашт моҳи нахусти имсол мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон бо афзоиши 16 миллиондолларӣ, ба беш аз ду миллиарду 893 миллион доллар расид.

Бар ин асос дар сурати тақсими сарона ба 9 миллиону 118 ҳазор нафар ҷамъияти ин ҷумҳурӣ, 320 доллар ба ивази ҳар шаҳрванд аст.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон, ҳаҷми умумии қарзи хориҷии ин кишвар тайи ҳашт моҳи соли ҷорӣ баробар бо 39, 9 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар аст.

Дар ҳоле ки мақомоти ин вазорат сақфи муҷози қарзи хориҷии Тоҷикистонро баробар бо 40 дарсад аз ҳаҷми тавлиди нохолиси миллии ин кишвар медонанд.

Аз ин мизони қарз як миллиарду 200 миллион доллар мутааллиқ ба Бонки содирот ва воридоти кишвари Чин аст.

Ҳамчунин Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ 300 миллион доллар, ба Бонки Рушди Осиё 235 миллион доллар ва ба Бонки Рушди Исломӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул ҳам 235 миллион доллар қарздор аст.

Тоҷикистон ба Сандуқи Рушди Арабистони Саудӣ, Бунёди Рушди Кувайт, Сандуқи зиддибуҳрони Бонки АвруОсиё, Бонки Рушд ва Бозсозии Аврупо, Фаронса ва Олмон низ қарздор аст.

Имсол барои бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон наздик ба 91 миллион доллар дар назар гирифта шудааст.