Октябр 06, 2018 11:43 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии сафири Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати рӯзи Забон

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёме рӯзи Забонро дар Тоҷикистон табрик гуфт.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ дар ин паёми табрикӣ гуфтааст, забони ҳар миллате сутуни хаймаи ҳувият ва зарфи интиқоли таърих, фарҳанг ва арзишҳои муштараки тамоми он аст.

Дар ин паём омадааст: Боландагии забони муштараки мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нишотгирифта аз пайвандҳои амиқи ҳазоронсолаи тамаддунӣ, фарҳангӣ, ҳувиятӣ, забонӣ ва динии онон мебошад, мадюни талошҳои бузургоне ҳамчун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдии Шерозӣ ва фарзандони баъдияшон Шаҳриёри Табрезӣ, Садриддини Айнӣ, Парвини Эътисомӣ, Муъмин Қаноат, Суҳроби Сипеҳрӣ, Гулрухсор Сафиева ва дигарон аст.

Фағонӣ идома додааст, ҷойи басе хушҳолӣ аст, ки давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи пас аз истиқлол, бо арҷ ниҳодан ба ин гавҳари ягонаи миллат, забони порсии тоҷикиро ба унвони забони давлатӣ баргузид ва баркашид.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон ин рӯзи муҳим ва таърихиро ба давлат ва миллати Тоҷикистон табрик гуфта ва аз Худованд барои ҳамаи гӯишварони ин забони тамаддунсоз ва фарҳанггустар дар ақсову нуқоти олам орзуи муваффақият кардааст.

روز پنجم اکتبر به نام روز زبان در تاجیکستان نامگذاری شده است.

Рӯзи панҷуми октябр ба номи рӯзи "Забон" дар Тоҷикистон номгузорӣ шудааст.