Октябр 06, 2018 14:27 Asia/Dushanbe
  • Имзои ҳафт санади ҳамкорӣ - дастоварди сафари Раҳмон ба Ҷопон + АКСҲО

Дар поёни дидори раисҷумҳури Тоҷикистон ва нахуствазири Ҷопон ҳафт санади ҷадиди ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расид.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар чочӯби сафари расмии худ ба Ҷопон бо Шинзо Обе, нахуствазири ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ҷараёни музокироти ҳайатҳои тоҷик ва ҷопонӣ масоили марбут ба тавсеаи бештари ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Масоили марбут ба ҳамкории ду кишвар дар ҳавзаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, энержӣ, иҷтимоӣ, инсонӣ ва ҳамчунин иҷрои проектҳои муштарак аз ҷумлаи мавзӯоте буд, ки тайи ин музокирот мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар поёни ин музокирот дар сатҳи олӣ ҳафт санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расид.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нахуствазири Ҷопон баёнияи муштараке дар заминаи тақвият ва тавсеаи бештари мушорикат байни ду кишварро ба имзо расонданд.

Сипас дар ҳузури сарони ду кишвар, барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратхонаҳои умури хориҷаи ду кишвар, ёддошти тафоҳуме дар бораи бурсия (квота) -и таҳсилӣ, мувофиқатномаи кумакҳои билоиваз барои тавсеаи манобеи инсонӣ ва ёддоште дар мавриди омодагӣ ва омӯзиш пеш аз мусобиқоти олимпӣ ва паролимпии Токио - 2020 миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва шаҳри Аомории Ҷопон имзо шуд.

Тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Ҷопон, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ва Вазорати омӯзиш ва парвариш, фарҳанг ва варзиши Ҷопон ва ёддошти тафоҳум миёни утоқҳои бозаргонии ду кишвар ҳам аз дигар мавориде буд, ки имзо шуд.