Октябр 06, 2018 15:22 Asia/Dushanbe
  • Рӯзноманигори тоҷик даргузашт

Муҳаммадумар Нурматов рӯзноманигори тоҷик да синни 58 солагӣ бар асари беморӣ даргузашт.

Ба нақл аз манобеъ хабарии тоҷикӣ, наздикони Нурматов гуфтанд маросими видоъ ва дафни вай  баъд аз зуҳри имрӯз 6 октябр дар маҳаллаи Маякавскии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Ӯ аз соли 1999 то 2000-ум роҳбарии телевизиони “Тоҷикистон”-ро бар ӯҳда дошт. 10 соли охир бо ҳамдастии созмонҳои байналмилалӣ барои кишоварзони тоҷик барномаҳои махсуси телевизионӣ ва радиоӣ омода мекард.

Муҳаммадумар Нурматов соли 1960 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омада, шуъбаи арабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Вай нависандаи юарномаиҳои  "Сафина", "Гулшани адаб", "Аз деҳқон ба деҳқон"-и Радиои Тоҷикистон буд.