Октябр 07, 2018 20:50 Asia/Dushanbe
  • Дуюм шудани тими футболи 16-солаҳои Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё

Тими футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон дар даври ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё аз Ҷопон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд ва дар ин мусобиқот соҳиби ҷои дуюм ва медалҳои нуқра шуд.  

Ба нақл аз сайти федератсияи футболи Осиё, тими Тоҷикистон дар бозии ниҳоӣ дар муқобили Ҷопон, ки аз пурқувваттарин кишварҳои футболи қораи Осиё шинохта шудааст, заррае кам наомад ва бозии баробар нишон дод. Аммо имрӯз дар варзишгоҳи "Букит Ҷалил” дар шаҳри Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия мурғи иқбол рӯи шонаҳои тими Ҷопон нишаст.

Ҷопониҳо дар нимаи дуюми бозӣ як тӯбро вориди дарвозаи Муҳриддин Ҳасанов – дарвозабони тими то 16-солаҳои Тоҷикистон ворид карданд ва ҳамин як гол тақдири бозиро ҳал кардааст.

Тими Тоҷикистон дар даври чорякниҳоӣ Кореяи шимолиро ва дар даври ниманиҳоӣ Кореяи ҷанубиро дар силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ шикаст дод ва бори аввал дар таърихи футболи Тоҷикистон ба даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё роҳ ёфт.

Тими Тоҷикистон дар давраи мусобиқоти гуруҳӣ бозиашро бо Ҷопон мусовӣ анҷом дода буд. Вале дар финал ҳамагӣ як гол тақдири бозиро ба фоидаи ҷопониҳо ҳал кард.