Октябр 08, 2018 15:41 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби густардаи ноибқаҳрамонии навҷавонони Тоҷикистон дар расонаҳои Эрон

Ноибқаҳрамонии навҷавонони тоҷик дар Мусобиқоти футболи қаҳрамонии Осиё дар расонаҳои эронӣ бозтоби густурдае ёфт.

Расонаҳои мактуб ва интернетии Эрон бо пушиши густардаи хабари ба мақоми дувуми Осиё расидани тими футболи навҷавонони Тоҷикистон, ин пирӯзиро таърихсозии навҷавонони тоҷик хондаанд.  

Расонаҳои эронӣ роҳ ёфтани тими футболи навҷавонони Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳонии Перуро низ муваффақияти бузурге барои ин кишвар арзёбӣ кардаанд.

Ҳамчунин бархе расонаҳо бо муқоисаи амалкарди ду тими Эрон ва Тоҷикистон дар мусобиқоти навҷавонони Осиё, ба интиқод аз тими Эрон, ки натавонист аз гурӯҳи худ сууд кунад, пардохтанд.

Тими футболи навҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи ниҳоии рӯзи якшанбе бо натиҷаи як бар сифр аз Ҷопон шикаст хурд ва ба нишони нуқра ва ҷойгоҳи дувуми Осиё даст ёфт.