Чатри меҳмоннавозии Эмомалӣ Раҳмон бар сари раисиҷумҳури Ҳиндустон
Дар маросими истиқболи расмии Эмомалӣ Раҳмон аз раисиҷумҳури Ҳинд дар ҳавои боронии Душанбе, раисиҷумҳурии Тоҷикистон бар сари меҳмони худ чатр гирифт.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз (душанбе 8 октябр) дар назди Қасри миллат маросими расмии истиқбол аз раисиҷумҳури Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд, ки рӯзи якшанбе ҳафтуми октябр барои сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ворид шуд, баргузор гардид.
Бар асоси ин гузориш, ба ифтихори пазироии меҳмони олиқадр майдони Қасри миллат идона ороста шуда зери парчамҳои ду давлат Горди фахрии президентӣ ва оркестр саф ороста буд.
Баъд аз гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, сурудҳои миллии ҳар ду давлат навохта шуд ва сарони давлатҳо аз назди сарбозон гузашта, ба парчами давлати Тоҷикистон эҳтиром баҷо оварданд.
Дар ин маросим, ки зери бориши борон анҷом шуд, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои меҳмони олирутбаи худ чатр гирифт.