Октябр 09, 2018 10:09 Asia/Dushanbe
  • Талош барои вуруди як миллион гардишгар ба Тоҷикистон то соли 2020

Кумитаи давлатии рушди гардишгарии Тоҷикистон талош дорад дар соли 2020 теъдоди гардишгарони хориҷиро, ки ба ин кишвар ворид мешаванд, ба як миллион нафар бирасонад.

Ба гузориши хабаргузории "Ховар", ба ин манзур акнун дар Тоҷикистон беш аз 100 ширкати хадамоти гардишгарӣ, чаҳор фурӯдгоҳи байналмилалӣ, 170 ҳотел ва меҳмонсарои мутобиқ бо меъёрҳои байналмилалӣ ва се меҳмонхонаи панҷситора фаъолият мекунад.

Дар пайи муаррифии ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон дар хориҷ, тайи шаш моҳи нахусти имсол 950 ҳазор нафар аз135 кишвар барои боздид аз биноҳои торихӣ ва табиати кӯҳистонии Тоҷикистон вориди ин кишвар шудаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи моли қабл 592 ҳазор нафар бештар аст.

Ба далели ҷаззобияти минтақаи кӯҳистонии Бадахшон, ки дорои ду қулла бо баландии беш аз 7 ҳазор метр аст, 80 дарсад аз гардишгарони хориҷии воридшуда ба Тоҷикистон, ба ин вилоят сафар кардаанд.

Аксари ин мусофирон низ куҳнавардӣ ва борздид аз кӯли "Сарез"- ро ки дар баландии 3 ҳазору 300 метр аз сатҳи баҳр воуеъ шудааст, тарҷеҳ медиҳанд. 

Имсол дар Тоҷикистон соли рушди гардишгарӣ, саноеи дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ номгузорӣ шудааст.