Боздошти ду мақоми ҳукуматии Тоҷикистон ба иттиҳоми заминфурӯшӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38625-Боздошти_ду_мақоми_ҳукуматии_Тоҷикистон_ба_иттиҳоми_заминфурӯшӣ
Ду мақоми ҳукуматии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ба иттиҳоми заминфурӯшӣ боздошт шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 09, 2018 09:21 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ду мақоми ҳукуматии Тоҷикистон ба иттиҳоми заминфурӯшӣ

Ду мақоми ҳукуматии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ба иттиҳоми заминфурӯшӣ боздошт шуданд.

Дар иттилоияи Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, ки имрӯз нуҳуми октябр сомонаи “Авесто” онро мунташир карда, омадааст: Кормандони ин ниҳод Суҳроб Убайдуллоҳзода, сардори раёсати меъморӣ ва Шарифхон Муҳаммадалиев, мудири шуъбаи Ожонси бимаи иҷтимоӣ ва сандуқи бознишастагии ноҳияи Носири Хусрав маҷмуан ба фурӯши ғайриқонунии 160 метр замини давлатӣ ба ду сокини ин ноҳия бо номҳои Рамазон Қучқоров ва Панҷӣ Талабов муттаҳам ҳастанд.

Ба ин тартиб, Убайдуллоҳзода ва Муҳаммадалиев ҳангоми гирифтани маблағи мавриди тақозои онҳо аз Қучқоров ва Талабов боздошт шуданд.

Алайҳи ҳар ду ин мақомоти маҳаллии ҳукумати Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Муомилаи ғайриқонунии замин яке аз роиҷтарин навъи фасоди молӣ ва идорӣ дар Тоҷикистон аст, ба тавре, ки ба гуфтаи манобеи расмии Тоҷикистон ҳудуд 80 дарсади парвандаҳои дар дасти баррасӣ дар додгоҳҳои ин кишвар марбут ба падидаи заминхорӣ аст.