Назари сармураббии тими футболи навҷавонони Эрон дар бораи тими Тоҷикистон
Сармураббии тими миллии навҷавонони Эрон мегӯяд, аз ҳузури тими навҷавонони Тоҷикистон дар дидори ниҳоии қаҳрамонии Осиё шигифтзада нашудааст.
Аббоси Чаманиён, Сармураббии тими миллии футболи навҷавонони Эрон дар бораи ноибқаҳрамонии тими навҷавонони Тоҷикистон, ки хелеҳо аз он ба унвони шигифтии бузург ёд мекунанд гуфт, ҳузури тими навҷавонони Тоҷикистонро дар бозии ниҳоӣ, шигифтӣ намедонад, зеро чунин иттифоқоте дар бозиҳои навҷавонон дастоварди солҳо талош аст.
Чаманиён гуфт: “Пеш аз шуруи Ҷоми миллатҳои Осиё дар мусоҳибае гуфта будам, бояд мунтазири зуҳури қудратҳои ҷадид дар футболи Осиё бошем”.
Вай афзуд: Хеле аз кишварҳо нигоҳи худро нисбат ба футболи поя тағйир додаанд ва аз як даҳа пеш сармоягузории худро дар ин бахш оғоз кардаанд, ки яке аз ин кишварҳо ҳам Тоҷикистон аст.
Чаманиён шароити физикии футболистҳои тоҷикро шабеҳи бозикунони Эрон донист ва афзуд: Тими Тоҷикистон класси футболаш аз назари тактикӣ шабеҳи Эрон аст ва албатта рагаҳое аз футболи қудратии Русияро ҳам дар худ дорад.
Сармураббии тими миллии навҷавонони Эрон гуфт: Нуктаи муҳим дар мавриди тими Тоҷикистон, бо ангеза футбол бозӣ кардани онҳо аст.