Октябр 09, 2018 17:26 Asia/Dushanbe
  • Рушди 5 фоизии иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2019

Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пешгӯии суръати рушди иқтисоди Тоҷикистонро то охири ҳамин сол ва соли 2019 ба 1 банди фоизӣ – то 5% зиёд кард.

Ба нақл аз Форс, соли 2018 таҳлилгарони Хазина суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро дар сатҳи 5% пешгӯӣ мекунанд. Соли 2019 низ рушд дар ҳамин сатҳ пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора дар гузориши навшудаи World Economic Outlook маълумот дода мешавад, ки рӯзи 8 октябр дар сомонаи ХБА ба нашр расид.

Дар гузориши моҳи апрели Хазина рушди иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи 4% ҳам дар соли 2018 ва ҳам соли 2019 пешбинӣ гардида буд.

Рушди аз ҳама бештар байни кишварҳои узви ИДМ дар соли 2018 ба иқтисоди Туркманистон – 6,2% пешгӯӣ мешавад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ имсол аз рушди иқтисод дар сатҳи 7% интизорӣ дорад. Иқтисодчиёни ХБА соли гузашта барои Тоҷикистон суръати рушди иқтисодро дар сатҳи 4,5% пешгӯӣ карда буданд, лекин аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 суръати афзоиши иқтисод ба 7,1% баробар шуд.