Ҳукумати Тоҷикистон будҷаи соли 2019 - ро ба маҷлис мефиристад
(last modified Wed, 10 Oct 2018 05:24:00 GMT )
Октябр 10, 2018 10:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳукумати Тоҷикистон будҷаи соли 2019 - ро ба маҷлис мефиристад

Тарҳи будҷаи давлати Тоҷикистон барои соли 2019 поён ёфтааст ва ин тарҳ ба зудӣ ба маҷлиси қонунгузории ин ҷумҳурӣ ирсол мешавад.

Ба гузориши сомонаи Вазорати молияи Тоҷикистон, комиссияи барнома ва будҷаи вобаста ба Ҳукумати Тоҷикистон эълом кард, барои соли 2019 наздик ба 23 миллиарду 8 миллион сомонӣ (дуюним миллиард доллар) барои бахши даромади будҷаи давлат пешбинӣ шуда, ки 13,2 дарсад аз будҷаи имсол бештар аст.

Ҳамчунин барои бахши ҳазинаи будҷаи Ҳукумати Тоҷикистон дар соли оянда 24 миллиарду 200 миллион сомонӣ дар назар гирифта шуда, ки дар муқоиса бо будҷаи соли 2018 сездаҳ дарсад афзоиш нишон медиҳад.

Гуфта мешавад, ки касри бахше аз будҷаи соли оянда аз ҳисоби дарёфти кумакҳои молии бархе кишварҳо ва ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ ва фурӯши амволи давлатӣ ҷуброн хоҳад шуд.

Бар асоси ин гузориш, ҳаҷми умумии тавлиди нохолиси миллӣ дар будҷаи соли 2019 давлати Тоҷикистон 78 миллиарду 200 миллион сомонӣ (муодили 8 миллиарду 300 миллион доллар) пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон, дар тарҳи будҷаи ҳукумати ин кишвар барои соли 2019 ҳазинаи бахшҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла омӯзиш ва парвариш ва беҳдошту дармон дар муқоиса бо имсол афзоиш хоҳад ёфт.