Октябр 10, 2018 10:43 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи иттиҳоми заминхорӣ алайҳи яке аз мақомоти дигари Хатлон

Дар ҳоле ки ду рӯз пеш хабари боздошти ду мақоми ҳукумати вилояти Хатлон ба иттиҳоми заминхорӣ мунташир шуда буд, мақомоти қазоии Тоҷикистон имрӯз аз тарҳи иттиҳоми мушобеҳе алайҳи яке дигар аз мақомҳои ҳукуматии ин вилоят хабар доданд.

Дафтари матбуоти Ожонси назорати молӣ ва мубориза зидди фасоди Тоҷикистон эълом кард, парвандае алайҳи Муҳаммадсолеҳ Баротов, муовини раиси ноҳияи Шаҳритӯс (воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон) ба иттиҳоми даст доштан дар сохтакории аснод ва мушорикат дар фурӯши ғайриқонунии замини давлатӣ ё ба истилоҳ заминхорӣ боз шудааст.

Муҳаммадсолеҳ Баротов аз соли 2012 то кунун дар мақоми муовинати раиси ноҳияи Шаҳритӯс машғул ба кор будааст.

Тибқи гузориши ин ниҳод, Баротов аз ду бародар ба номҳои Фозилбек ва Ғолибшоҳ Сангаков, ки аз ӯ дар таҳияи асноди ҳуқуқӣ барои ихтисоси як қитъа замин дархости кумак карда буданд, 6 ҳазору 200 сомониро ба сурати ғайриқонунӣ ва дар чандин марҳила дарёфт кардааст.