Октябр 11, 2018 10:36 Asia/Dushanbe
  • Ислоҳи қонуни фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон

Созмонҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон муваззаф ба ироаи иттилоот аз манобеи молии худ шуданд.

Ба нақл аз Тоҷикта, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни “Фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ”, ин созмонҳоро ба доштани сомонаҳои интернетӣ, сабти он дар вазорати адлия ва ироаи гузориш аз манобеи молии хеш ва дарҷи ин иттилоот дар сомонаҳояшон муваззаф кард.  

Бар асоси ин ислоҳия, Вазорати адлияи Тоҷикистон низ муваззаф мешавад, ки тамомии ин иттилоотро ба бонки миллии кишвар ироа кунад, то он ниҳод битавонад бар раванди дарёфт ва ҳазинаи манобеи молии созмонҳои ғайридавлатӣ назорат дошта бошад.

Ҳамидуллоҳи Мушрибзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар Нишасти Маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфт, ки ин тарҳ бар асоси дархости гурӯҳи вижаи иқдоми молӣ FATF ва дар чорчуби конвенсияи байналмилалии муқобила бо таъмини молии терроризм CFT барои тасвиб ба парлумон ироа шудааст, ки ҳадаф аз он ҷилавгирӣ аз пулшуӣ аст.

Вай таъкид кард, ки созмонҳои ғайридавлатӣ муваззафанд, иттилоот дар бораи фаъолияти молии хешро дар сомонаҳои интернетӣ ба муддати панҷ сол ҳифз кунанд, ки битавонанд дар сурати лузум ба пурсишҳои мақомоти молиётӣ ва бонки Тоҷикистон посух диҳанд.