Октябр 11, 2018 16:34 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори раиси ҷадиди дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

Раиси ҷадиди дафтари намоинагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар Душанбе дидор кард.

Ба гузориши сойти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи ин кишвар, рӯзи чаҳоршанбе сафири Мэрилин Йосефсон, раиси ҷадиди дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот, ки пас аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома сурат гирифт, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро муҳокима карданд.

Аз сатҳу сифати муносиботи зудрушдёбанда миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзорҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ ибрози қаноатмандӣ карда шуд. Мусоҳибон доир ба роҳҳои таҳкими минбаъдаи шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, амният ва ҳамкориҳои минтақавӣ табодули назари судманд доштанд.

Зимни сӯҳбат ҳамчунин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.