Сандуқи байналмилалии пул: Омодаи пардохти қарз ба Тоҷикистон нестем
(last modified Thu, 11 Oct 2018 12:21:43 GMT )
Октябр 11, 2018 17:21 Asia/Dushanbe
  • Сандуқи байналмилалии пул: Омодаи пардохти қарз ба Тоҷикистон нестем

Мақомоти Сандуқи байналмилалии пул пас аз музокира бо мақомҳои иқтисодӣ ва молии тоҷик эълом кардаанд, ки дар ҳоли ҳозир омодаи ихтисоси қарз ба Душанбе нестанд.

Ба гузориши Азия Плюс, мақомоти Сандуқи байналмилалии пул ин тасмимро пас аз музокира бо муовини нахуствазир, вазири молия, вазири рушди иқтисод, тиҷорат ва мудирияти Бонки миллии Тоҷикистон эълом кардаанд.

Мақомоти Сандуқи байналмилалии пул бо мақомҳои тоҷик дар бораи пардохти кӯмак ба Душанбе барои ҳимоят аз ислоҳоти низоми бонкӣ ва пулӣ дар Тоҷикистон музокира кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, дар дидори ҳайати эъзомии Сандуқи байнамилалии пул бо Давлаталӣ Саид, муовини нахуствазир, Файзиддин Қаҳҳорзода ва Неъматулоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазирони молия ва рушди иқтисод ва тиҷорат ва Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон эълом шудааст, ки низоми бонкӣ ва пулии ин кишвар ниёз ба ислоҳоти ҷиддӣ ва усулӣ дорад ва дар шароити феълӣ ихтисоси қарзи молӣ ба Душанбе имконпазир нест.

Музокироти мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон бо Сандуқи байналмилалии пул барои ҷазби 500 миллион доллар кӯмаки ин ниҳоди байналмилалӣ вориди соли чаҳорум шудааст.

Гуфта мешавад, ки ба далели тӯлонӣ шудани ин гуфтугӯҳо тарафи Тоҷикистон дархост кардааст, ки Сандуқи байналмилалии пул ҳаддиақал маблағи 300 миллион доллар қарз ба ин кишвар ихтисос диҳад, аммо Сандуқи байналмилалии пул барои ироаи кӯмакҳои молӣ ба Тоҷикистон шартҳое, чун эътои тасҳилоти бештар ба бахши хусусӣ, ислоҳи низоми бонкӣ, таъмини рушди иқтисодӣ бо иҷроии барномаи иштиғолзоӣ, тасфияи ҳисоби бонкҳои буҳронзада бо муштариён ва коҳиши фақрро матраҳ кардааст.