Октябр 11, 2018 20:26 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазири хориҷаи Тоҷикистон бар тақвияти равобит бо Эрон

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар дидор бо қоиммақоми вазири умур хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бар омодагии Душанбе барои иртиқои муносиботи сатҳи боло ва тақвияти ҳамкориҳо бо Теҳрон таъкид кард.

Ба гузориши сомонаи сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе, Сироҷиддин Муҳриддин дар дидор бо Муртазо Сармадӣ, қоиммақоми вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва раиси ҳайати эронии ҳозир дар 17-умин нишасти Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон, зимни ишора ба сафарҳои созандаи як соли ахири мақомоти эронӣ бавижа Муҳаммадҷаводи Зариф, ҳамтои эронии худ, бар тақвияти равобити ду кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг таъкид кард. Сармадӣ низ дар ин мулоқот бо ишора ба пайвандҳои амиқи ду миллат ва ёдоварии сиёсати усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ҳамвора ҳимоят аз пешрафт ва тавсеаи Тоҷикистон будааст, гушӯда шудани фасли ҷадиде аз ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ду кишварро зарурӣ донист.

Муовини вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин дар дидор бо Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захоири оби ҷумҳурии Тоҷикистон, ки раиси тоҷикии Комиссияи муштараки иқтисодии ду кишвар аст, охирин вазъияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фаннии ду тарафро баррасӣ карданд.

Ду тараф дар ин дидор бар зарурати густариш ва тақвияти ин ҳамкориҳо дар чорчӯби Комиссияи муштараки иқтисодӣ таъкид карданд.

Сармадӣ бо ишора ба аҳамияти ҷойгоҳи кишварҳои ҳамсоя дар сиёсати хориҷии Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон омодаи тақвияти муносиботи ҳамаҷониба бо ҷумҳури Тоҷикистон бавижа дар ҳавзаи иқтисод аст.

Усмонзода, вазири энержӣ ва захоири оби ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам зимни ишора ба ҳамкориҳои хуби ду кишвар ба хусус дар ҳавзаи энержӣ, аз амалкарди ширкатҳо ва муҳандисони эронии фаъол дар проектҳои Тоҷикистон бавижа ниругоҳи дар дасти сохти Роғун тамҷид кард.